ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

ДАРАХТИ ЁСИ БУНАФШ
Чӣ шодмона шукуфта,
Дарахти ёси бунафш,
Ки барг- барги ҷавонаш тарона мехонад,
Барои ман ғазали ошиқона мехонад.
Дарахти ёси бунафш!
Зи рӯҳи зебоӣ,
Маро ба шавқ овар,
Зи ман ҷудоям кун,
Даме аз ин ошуфтагӣ раҳоям кун.
Дарахти ёси бунафш!
Дилам гирифта,
Дилам гирифта, биханд.
Чӣ мешавад, ки бихандӣ ту бо садои баланд?
Ки чеҳраҳо ҳама дарҳам,
Касе намехандад.
Дарахти ёси бунафш!
Нишастаӣ зи чӣ ин ҷо?
Биё, биё, биравем,
Ба даштҳои раҳоӣ,
Ба қуллаҳои баланд,
Маро бибин, ки чиҳо бо дарахт мегӯям?
Дарахти ёси бунафш!
Ба ҷои ман, ки ғами оламе ба ҷонам буд,
Дар ин дурӯза,
Ки шоду шукуфтаӣ,
Ту биханд,
Ту биханд.
ДАЛТО
Далтои ман!
Тои дилам,
Далтои бетоб!
Мо зодаи селобҳоем,
Бо саргузашти обҳо аз сар гузашта,
Бо сели саркаш, то лаби дарё давидем,
Аммо шукӯҳи рӯҳи дарёро надидем,
Танҳо талотумҳои дарё дар дили мост.
Далтои ман!
Инсон чӣ танҳост,
Инсон чӣ танҳост,
Гар қатрае дар рӯдбор дигарон нест,
Афсонасози рози уқёнус гардад,
Рӯде, ки рӯзону шабон
Роҳии дарёст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ