ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Моҳ чӣ пурнур,
Осмон чӣ баланд аст!
Так-так аз дури дур,
Нури ситора.
Рақси насими баҳор
Рӯйи чаманзор.
Доира зангии пуртараннуми мурғон,
Рӯҳи шаб аз нуру нағма
Чӣ саршор!
Аз қафаси синаам қанории ошиқ,
Болу парафшон,
Ба ҷашнҳои ниёкон,
Чанд ҳазорон сол параш
Бар фарози шуълаи оташ.
Ҳамчун парвози беқарории қанорӣ,
Солу маҳу лаҳзаҳо,
Ҳама ҷорӣ
Ҷорӣ.
ЛОЛАҲОИ ВОЖГУН
Ба ёди шоирони ҷонбохтаамон
Дар ин даврони шоиркуш,
Ки аз он лолаҳои вожгун,
Парвандаҳои хун,
Падид оранд,
Чаро фарёд аз нойи гулӯям барнамеояд?
Намегирям,
Намехандам,
Чаро хомӯшу хунсардам?
Ман оташпора будам,
Шуълавар аз шӯру шайдоӣ,
Раҳоиҷӯву ҷон бар каф.
Ҳанӯз он оташам дар сина месӯзад,
Агар хомӯшиам
Аз хашми бисёр аст,
Напиндоред бедардам.
РӮҲИ ЗАН
Раҳо намешавам аз сарнавишти ноҳинҷор,
Ҳамеша сояву девор,
Сояву девор?
Ва ман, ки рӯҳи раҳоӣ
Ва ман ки рӯҳи занам,
Зи нуру нағма,
Зи шеъру шукуфа ҷону танам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо