Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нахостам, ки фуруд оварам сари таслим, наёвардам
Нахостам, ки биафтам зи по, наафтодам.
Агарчи будаму будам ҳамора дар овор,
Агарчи дидаму дидам ҳазорҳо озор
Ва сангсор.
Чӣ ваҳшиёна, чӣ даҳшатнок!
Замони фатҳи раҳоист,
Зи ҳеҷ сангеву садде дигар надорам бок,
Ки сели садшиканам
Ва дар масири ҷаҳон,
Ҷории ҳамора манам,
Ки модарам,
Ки занам.

КУ?

Роҳ чӣ беинтиҳо,
Рафиқи раҳам ку?
Дар дили шабҳо,
Ситора ку?
Маҳам ку?

Меравад он киштии даванда ба амвоҷ,
Умри ман аст ин ки меравад
Гунаҳам ку?
Ҳеч нагӯям чӣ гуна омаду чун рафт,
Гунаи гулгуну турраи сияҳам ку?
Шиквае аз рӯзгори хеш надорам,
Он ҳама шабзиндадори зодгаҳам ку?
Бсски дилам хӯ гирифта бо ғами дурӣ,
Лаҳзаи дидор
Тоқати нигаҳам ку?

ЭЙ РӮДИ ПУРТАРОНА

Эй рӯди пуртаронаи ноором,
Эй ошнои он чи ки натвон гуфт.
Дар моварои он чӣ ки мебинам,
Эй беқарори саркаши саргардон,
Дар марзи бекаронаи андеша,
Эй рӯд!
Эй суруди раҳоиҳо,
Ояндадори рӯҳи манӣ оё?

ҶОНИ ТУВУ ҶОНИ РАҲОӢ

Мо - насли руъёҳои рангин,
Бо асбҳо рам карда дар майдони пайкор,
Аз насли мо рӯйи Замин кам монда бисёр.

Мо орзумандони хушбахтии инсон,
Бархостем он сон,

пешина
аз 263
навбатӣ