ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ки рӯзе Маздаки озода бархост,
Мо низ Маздаквор,
На,
Ҳаргиз намегӯям дарав карданд моро,
Так-так ба ҷо мондему рӯидем.
Аммо
Бо он ҳама сарви фурӯ афтода бар хок,
Як гул ба озодӣ надодем,
Як гул ба озодӣ надодем!
Ҷамъи ҷудоёнем мо,
Оғози поён,
Дар размҳову ранҷҳо,
Даврони мо омад ба сар.
Ҷони туву ҷони раҳоӣ,
Эй пайки давронҳои дигар.
ИСТОДАЕМ
Барои ҳамсарам дуктур Шамсиддин Бадеъ
Мо он дарахти сахти куҳансолем,
Рӯида рӯйи сахраи сангистон.
Бо захми теша,
Зарбаи тӯфон.
Бар решаи тановари худ истодаем.
Бо гашти солҳо,
Баргу гулу мева додаем.
Ҳон, эй ниҳолҳо,
Дар он баҳори тоза, ки аз роҳ мерасад,
Моро агар ба ёд наоред,
Гар зиндамон ба хок супоред,
Бок нест.
ОЙИНА
Бингар дар нури поки ойина рӯро,
Бишнав аз ойина розҳои магӯро.
Гумшудаи даштҳои дур куҷо рафт?
Шояд дарду ғаме нуҳуфта ба дил дошт,
Рафт, ки бо кӯҳ дар миён бигзорад,
Кист, ки ҷуз кӯҳ посухе диҳад ӯро?
Ҳар кас чархад даруни доираи хеш,
Танҳо ойина бо забони сукуташ,
Шарҳ диҳад ҳодисоти зишту накӯро.
ШӮРИ ПАРВОЗ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо