ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Шӯри парвоз дар парандаву ман
Ва дар ин баргҳои поизӣ,
Ки ба сози насим мерақсанд,
Чун баламҳои кӯчаки заррин,
Рӯйи амвоҷи сабзу зарди чаман.
ВОРИСОН
Чӣ рӯзгори хуше буд.
Рӯзгори ҷудоӣ,
Худо кунад, ки наоӣ
МАҲТОБ
Маҳтоб ҷаҳони орзуҳост,
Дунёи хаёлу рози руъёст.
Бархез!
Бибин чӣ Моҳ зебост,
Киштии тило миёни дарёст.
Дар ҳолаи ранг-ранги амвоҷ,
Бархез!
Бибин чӣ гуна он коҷ,
Бедор нишаста сабзу сармаст,
Як умри гарон гузашт дар хоб,
Бархез!
Дигар чӣ вақти хоб аст.
БИХОН, ТАРОНА БИХОН
Барои писарам Меҳрдоди Бадеъ
Биё ба дидорам,
Ки аз нигоҳи ту равшан шавад раҳи сафарам.
Биё, баҳор, биё,
Биё, ба покии рӯҳи парандагони баҳор,
Ду боли бозуи худ боз кун,
Парвоз кун, тарона бихон,
Ба шӯри рақси ҷунун,
Шеъри ошиқона бихон.
Бихон, тарона бихон,
Ки дар ҳавои ту,
Аз ҳар чӣ ҳаст,
Даргузарам.
РУЪЁИ ДАРЁ
Шукӯҳи орзуро бозгӯ кун,
Надорад аз ҳеч кас боке, ҳаросе,
Ба ҳар чизе намехоҳӣ, бигӯ:
На,
Агар роҳи раҳоӣ зери санг аст,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо