Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Тамоми кӯҳҳоро зеру рӯ кун.
Вагар бишкаст ҷоми орзуят,
Талотумҳои дарёро сабӯ кун.
Дареғ аз лаҳзае дар тангноҳо,
Фарохи бекаронро ҷустуҷӯ кун.
Гуле рӯида дар руъёи дарё,
Бичин гулро, бичин гулрову бӯ кун.
Ҷаҳон дар ҷони ту,
Ҷони ҷаҳон ту,
Ҷаҳони бартаринро орзу кун.
Ки ҳар пирӯзӣ
Аввал
Орзу буд.

БА НОМИ ОЗОДӢ

Ба номи озодӣ,
Ба номи дониш,
Ба ҳурмати донишгоҳ,
Ки моро,
Аз дониши озодӣ,
Мекунад огоҳ.

Ба номи донишҷӯ,
Ин фаввораи нуру нерӯ,
Ки ҳар гоҳ баланд шаваду баландтар,
Озодиро
Обёрӣ мекунад
Ва дар разми раҳоӣ,
Мардумро ёрӣ мекунад.

Ин ваҳм,
Ин пиндор,
Ки инсон дар асорат,
Бекарон шикебост.
Ё дар гавҳар,
Мениҳад сар,
Бар тоати зӯру итоати кӯр.

Зилзилаҳои торих гувост,
Ҳар гоҳ фарёди додхоҳӣ,
Аз матни ҷомеъа бархост,
Дигар фурӯ наменишинад.
Ҷуз бар қуллаҳои пирӯзӣ,
Он ҷо, ки парчами сияҳкорон,
Сафед аст.

Дар ин ҷаҳон,
Ки оғозу поёнаш
Нопайдост,
Охирин зинда умед аст.

пешина
аз 263
навбатӣ