Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

АЗ ШУМО ЧӢ ПИНҲОН?

Оре,
Ногузир будаам.
Аммо
Дар гавҳар
Ҳаргиз асир набудаам.

Шиша дар забонаи оташ,
Об мешавад.
Бо зарба ва захма,
Шикебона шакл мегирад.
Гулдони булӯрин,
Соғари шӯрофарин мешавад.

Аммо ман бо дили шишаворам,
Ҳеч гоҳ.

АЗ МАҶМӮАИ «ПАРАНДАГОНИ МКҲОҶИР»

ТО ПАРЕШОН НАШАВАД КОР БА СОМОН НАРАСАД

Хоҳарон, аз қафаси хона ба дар бояд шуд,
Бол бигшода зи парвоз хабар бояд шуд,
Дар пайи донишу фарҳангу ҳунар бояд рафт,
Раҳсипори раҳи умеду зафар бояд шуд,
Ҳамраҳи сахтиву ҳамдӯши хатар бояд шуд.

Мо агар ҷумла ба фикри зару зевар бошем,
Фориғ аз дарду ғами мардуми дигар бошем
Агар аз қофилаи ҷаҳди ҷаҳон дур афтем,
Кай тавонем, ки дар ҷомеа сарвар бошем,
Фард бо фоидаи миллату кишвар бошем?

Ҷаҳли мо боиси хориву сарафкандагӣ аст,
Ғафлату сустии мо мӯҷиби шармандагӣ аст,
Зан дар Эрон накунад зиндагӣ, оре, накунад,
Нест ин зиндагӣ ин бардагиву бандагӣ аст,
Номи ин бандагии шум куҷо зиндагӣ аст?

Оҳ, агар дарди ватанхоҳ ба дармон нарасад,
Ҳаққи инсонии зан бар зани Эрон нарасад,
Жола, беҳуда макун шиква зи авзои хароб,
Ки ҷуз ин нукта туро гуфта ба поён нарасад:
«То парешон нашавад кор ба сомон нарасад».

УҚОБИ ГУМШУДА

Эй чашмҳои равшани шаб, эй ситораҳо,
Оё уқоби гумшудаамро надидаед?
Дар даштҳои хурраму хомӯши осмон
Ӯ бо ду боли саркашу сангин куҷо парид?

пешина
аз 263
навбатӣ