Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Оё париду рафт ба сайёраҳои дур,
Ё нимароҳ бар сари як сахрае нишаст?
Ё маст шуд, чунон ки таҳи дарра уфтод?
Ё аз ниҳебу ғурриши тӯфон параш шикаст?

Рӯзе, ки рӯйи рӯди хурӯшони ҷангалӣ
Афтода буд сояи сабзи дарахтҳо,
Ман бо ҳама шарору шиканҷе, ки доштам,
Бо ӯ миёни хирмани гул гаштам ошно.

Гӯйӣ тамоми пайкари ман дил шуду дилам
Дар дидаи фусунгари ӯ кард ошён.
Гӯйӣ даруни заврақи заррини офтоб,
Рафтем мо ба гардиши дарёи осмон.

Шуд сарнавишту орзуи ман ду боли ӯ,
Бо ин ду боли саркаши худ ногаҳон парид.
Эй чашмҳои равшани шаб, эй ситораҳо,
Оё уқоби гумшудаамро надидаед?

МАН АГАР НАҚҚОШ БУДАМ

Ман агар наққош будам,
Рӯйи ин дашти пур аз гул,
Рӯйи ин рӯди хурӯшон,
Рӯйи ин кӯҳи зумуррад,
Чеҳраатро мекашидам.

Аз фурӯғи ахтарон,
В-аз тобиши рангинкамон ,
Рангҳоро мегирифтам,
Рангҳо меофаридам,
То барафрӯзам зи чашмони ту,
Дунёи ҷавониро.

Ман агар наққош будам,
Менишондам дар нигоҳат,
Нури гарми меҳрубониро.

ИНТИЗОР

Имсол ҳам баҳори пур аз интизор рафт,
Ҳар барги гул паранда шуду аз чаман гурехт.
Боз он бунафшаҳо, ки ба ёд ту коштам,
Ашки кабуди сабза шуду рӯйи хок рехт .

Азбаски умри талхи ҷудоӣ дароз шуд,
Тарсам маро бубиниву нашносӣ ин манам.
Гар сар ниҳам ба кӯҳу биёбон шигифт нест,
Девонаи ғами туву дурии Меҳанам.

МЕПАРАСТАМ

пешина
аз 263
навбатӣ