ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Мепарастам Худои заминро,
Шуълаҳои дили оташинро,
Машъали гарми ишқофаринро,
К-аз дили чашми ту медурахшанд.
Дорам имон ба нерӯи инсон,
Он ки бар боли андешаҳояш,
Менишонад ҳазорон ситора.
Он ки бо шӯру дарди дарунаш,
Ҳамчу дарёи тӯфонгирифта,
Намекашад сар сӯйи Каҳкашонҳо.
То ки худро расонад ба ҷое.
Мепарастам Худои заминро,
Шуълаҳои дили оташинро,
Машъали гарми ишқофаринро,
К-аз дили чашми ту медурахшад.
ИНСОН ВА САНГ
Танҳоии беинтиҳо тақдири санг аст .
Тақдири санг аст, ин ки кӯру лол бошад.
Ҳаргиз нагиряд аз ғаме, ҳаргиз нахандад,
Бедарду беумеду беомол бошад.
Гоҳе ба шакли сахра аз дарёи дуре,
Силӣ хӯрад рӯзу шабон хунсард ором.
Гоҳе ба гӯре афтаду ногуфта гӯяд,
Он кас, ки ҳаргиз барнагардад чисташ ном.
Аммо чу гардад пайкари мардони ҷовид,
Резанд мардум бар сараш гулҳои хушранг.
Санге агар инсон шавад, хушбахт бошад,
Эй вой, агар инсони бадбахте шавад санг.
РАФТӢ
Чун ахтари шабгард дурахшидиву рафтӣ,
Бар ман нигаҳе кардиву хандидиву рафтӣ.
Ман сурх шудам, сӯхтам аз барқи нигоҳат,
Дар чеҳраи ман оташи дил дидиву рафтӣ.
Як лаҳза шукуфтӣ чу гули тозабаҳоре,
Як умр ба ман хотира бахшидиву рафтӣ.
Гар бар мани дилдода набудат назари меҳр,
Аз ҳоли парешам зи чӣ пурсидиву рафтӣ?
Рафтӣ туву ман мондаму ошуфтагии ишқ,
Бетобии ман дидиву тобидиву рафтӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо