ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

НОМАЕ, КИ НАОМАД
Надод муждаи дидор номае, ки наомад
Ва ман ҳанӯз нигоҳам бар он кабӯтари қосид,
Ки болҳои сипедаш бувад чу абри биёбон,
Фурӯғи гарму пур аз меҳр номае, ки наомад.
Чароғи хилвати ман шуд шабони сарди зимистон,
Зи номае, ки наомад, басе тарона шунидам.
Чу рехт нағмаи нарми парандагони баҳорӣ,
Ба шоху барги дарахтон.
Навиштаанд далерон ҳамосаҳои қурунро,
Бар он паранди зарандуди номае, ки наомад.
Зи шаҳри субҳи фурӯзон.
Паёми фатҳи бузургест номае, ки наомад
Ва ман ҳанӯз нигоҳам бар он кабӯтари қосид,
Ки ояд аз сафари дур,
Беқарору шитобон.
ҶАҲОНИ БЕҲТАР
Агар пурсанд аз ман зиндагонӣ чист?
Хоҳам гуфт:
Ҳамеша ҷустуҷӯ кардан,
Ҷаҳони беҳтареро орзу кардан.
Ман аз ҳар вақти дигар бештар имрӯз ҳушёрам,
Ба бедории пур аз андешаам,
Дар хоб бедорам.
Замонро қадр медонам,
Заминро дӯст медорам.
Чунон аз дидани ҳар субҳ равшан мешавам муштоқ,
Ки гӯйӣ аввалин рӯзи ман аст ин,
Охирин рӯз аст.
Дуруди шодиам,
Бо дарди бидрудам даромезад,
Миёни ин ду ово як ҳамоҳангӣ,
Дар ин ғавғои афсунгар,
Чу мурғони баҳорӣ беқарор астам.
Дилам мегирад аз хона,
Дилам мегирад аз афкори осуда
Ва аз гуфтори тӯтивори беҳуда,
Дилам мегирад аз ахбори рӯзона,
Гар аз бозори гарму ҷанги сарди ину он бошад,
На аз рози шукуфоии нерӯҳои инсонӣ,
Фазои боз мехоҳам,
Ки ҳамчун осмонҳо бекарон бошад
Ва дунёе, ки аз инсон,
Нахоҳад қатлу қурбонӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо