Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

КУФРОНА

«Чу ман бигзарам з-ин ҷаҳони хароб»,
Бисӯзону хокистарамро бар об,

Барафшон ба дарё, на дар оби рӯд,
Ки бо рӯҳи дарё бихонам суруд,

Суруде, ки оҳанги тӯфон кунад,
Ба мавҷ озарахше дурахшон кунад.

Суруде зи дарёи шодиву нур,
Суруде лаболаб зи шӯру ғурур.

«Чу ман бигзарам з-ин ҷаҳони хароб»,
Худоё, надеҳ беш аз инам азоб.

Ки дар ин ҷаҳон бурдаам ранҷҳо,
Зи дасти туву ғам нагаштам раҳо.

Навиштам ман ин маснавӣ дар қатор,
Қаторе чу андешаам беқарор.

Ману маснавӣ ҳар ду то куҳнаем,
Мади рӯзу ҳамвазни фардо наем.

«Чу ман бигзарам з-ин ҷаҳони хароб»,
Ба дарбони дузахи диҳам ин ҷавоб:

Ман оташвашам, саркашам, кофарам,
Бисӯзон маро, шоирам, шоирам.

Хароби ҷаҳонро намехостам,
Ҷаҳонро ба ободӣ оростам...

Навиштам ман ин маснавӣ дар қатор,
Ки ҳаргиз намонад зи ман ёдгор!

НАҚШБАНД

Ба гули сурхи субҳдам савганд,
Ки дарахти шикаста дар тӯфон,
Ки давонидааст реша дар дили хок,
Боз аз нав ҷавона хоҳад кард.
Тухми кучак, ки гӯшаи лона ҳаст,
Бишиканад, ҷӯҷае падид ояд,
Шавад он ҷӯҷа мурғаки рангин,
Гарми парвозу ошиқи овоз,
Боғро пуртарона хоҳад кард.
Ва ҷаҳон аз таронаҳо зебост,
Ки хушовотаринашон аз мост,
Мо зи нерӯи хеш бехабарем,

пешина
аз 263
навбатӣ