ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Нақшбанди ҳазорҳо ҳунарем,
Ки ҷаҳонро кунем зеботар.
Ҳар кӣ рӯйи замин замоне зист,
Беасар, бесамар набудаву нест,
Ҳаст созанда, ё ки вайронгар.
Мо ҳама зинда дар вуҷуди ҳамем,
Чӣ зиёдем мо ҳама бо ҳам.
Гар ҷудоем мо зи ҳам чӣ камем!
Эй Худо!
Ҷои ин ҷудоиҳо,
Ки ба дилҳои пурбаҳонаи мо,
Мурғи ишқ ошёна хоҳад кард?
ГУЗОР АЗ РӮД
Ба сарнавишти шигифти касе меандешам,
Ки роҳи пушт сараш нест.
Ва чораи дигараш нест,
Ҷуз ин ки дар шаби селоб,
Бигзарад аз рӯд.
Амон зи васвасаи талхи лаҳзаи тасмим,
Ки мераҳӣ зи бало,
Ё ки мешавӣ нобуд.
Хурӯши шаб зада селу рӯди хашмолуд
Ва ҳич роҳи дигар нест,
Ҷуз гузор аз рӯд,
Ҷуз гузор аз рӯд.
Гули сипеди саҳаргоҳи он савоҳили сабз,
Канори бистари обии обҳои кабуд,
Аз кӣ хоҳад буд?
Аз кӣ хоҳад буд?
МЕҲРУБОНИИ ЛАБХАНД
Дарахти хушки зимистон,
Пур аз шукуфа шуда,
Шигифт нест агар ман,
Зи нав шакуфта шавам.
Ҳазору як шаби афсонаи нагуфта шавам.
Хушо, шукӯҳи гули сурх,
Дар саҳории сард
Ва меҳрбонии лабханд,
Дар талотуми дард.
БАЛАНДОИ ҲИҶРАТ
Баландои ҳиҷрат:
Ранг бохтани тадриҷии ҳувият.
Афрӯхтагии хоҳишҳову хотираҳо,
Рақс рӯйи чӯби по.
Дунё хонаи ман аст: Нимо,
Хилофи хости хонаи худоён...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо