ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Дар баландии ҳиҷрат:
«Ҳар касе кори худаш, бори худаш,
Отияш ба анбори худаш»
Эй кош мешуд,
Даме хешро фаромӯш кард,
То оташи анборро хомӯш кард!
Дар баландои ҳиҷрат,
Шоирон – парандагони беошёнанд,
Ворис надоранд.
Урсашон агар ҳам сангинтар аз маодини тилост.
Сабуктар аз гулҳои қосид,
По дар ҳавост.
Ҳазорон баргаи сафед,
Бар он даштҳои барфпӯш,
Вараҷа вараҷаи парандаи сиёҳ.
Дар минқори мурғак,
Шеър, шукуфа, андуҳ, умед.
Оҳ ! Эй баландои ҳиҷрат,
Кош мешудӣ кӯтоҳ,
Кош ҳеҷ чашме туро намедид!
ЁРОНИ МАН
Ёрони ман!
Ёрони нимашабони бехобиям.
Гулҳои доруи танҳоиву бетобиям.
Парандагони кайҳонӣ,
Таронаҳои роз,
Руъёҳои равшан,
Оташи гардони ҳақоиқи наздику вақоеъи дур,
Чашмаҳои нур,
Ҳадяҳои пурбаҳо,
Бо муҳр,
Бо имзо,
Оҳ, эй китобҳо,
Ман чӣ гуна
Ҷудо шавам зи шумо?
БА НАҚҚОШ
Барои пизишки муъолиҷам, ки наққош аст
Ва хост дунёи даруни маро тасвир кунад.
Тасвири дунёи даруни ман,
Ин ғорҳои ту дар туӣ дарёӣ,
Бо чӣ рангҳое,
Сабз, сифед, обӣ?
Чӣ ранге дорад бетобӣ,
Ё бехобӣ,
Ки шаб ҳама шаб
Пилкҳо парвонавор,
Парпарзанон,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо