ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ором намегиранд?
Гирам ғамро бо сиёҳии қалам,
Шодиро бо лабханд,
Ё шақоиқи шукуфта нишон додӣ.
Орзуи яхбаста,
Умеди ба гул нишастаро,
Бо чӣ тарҳе ба таҷассум менишинӣ?
Нигоҳ кун!
Моҳи заррин аз фарози дарахтони сабз,
Он қадар зебо,
Ончунон хаёлангез,
Ки мехоҳам дар рангҳо
Шиновар шавам.
Ваҳ, ки агар рӯшноии шодибахши рангҳо набуд,
Дунё чӣ беранг,
Одамӣ чӣ дилтанг мебуд.
Нигоҳ кун даври дастҳоро,
Дарёро.
Амвоҷи обиву тилоӣ,
Анбӯҳ-анбӯҳ арбадакашон,
Аз таҳти сангҳо намепаранд боло.
Фурӯ мерезанд,
Бармехезанд
Ва боз
Ва боз
Талотуми дарёву талолуи Моҳ
Ва шикваи абадият...
Инак, биё!
Бо афсуни рангҳо,
Бар фарози сахраи дарёӣ,
Ба ҷои ман,
Пайкаре биншон.
Нима инсон,
Нима паранда,
Болу парафшон,
По дар санг,
Сар бар ситорагон .
СУКУТИ ОШУФТА
Сукути ошуфта,
Суруди ситораи саргардон дар Каҳкашонҳо,
Шеъре падид омад,
Оғози ҳар шеър
Овози худоён аст
Ва ту
Матлаъи тамоми шеърҳои ман.
ДОДГОҲИ БАШАРӢ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо