ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Башар, ки қатрае аз хун наметавонад сохт,
Мудом дарё-дарё чаро бирезад хун?
Мабод куштани инсону кайфари эъдом,
Зи додгоҳи ҷаҳон нест бод ин қонун!
ГИРЯИ ҚАЛАМ
Ман аз ҳадиси ҳиҷоб,
Зи саргузашти ту, эй зан,
Чунон ғариқи ғамам,
Ки аз навиштани он
Гиря мекунад қаламам.
ОШТӢ
Мехоҳам бо ғамҳоям оштӣ кунам,
Мехоҳам ситора-ситора нафас бикашам,
То лаҳзаҳоям зангӯлаҳои тилоӣ бар ангуштон биёвезанд
Ва дар миёни торикиҳо ба рақси нур дароянд
Зулму зулмат офаридагони ҳаманд.
Дареғ аз рӯзоне, ки бо он ҳарду
Ба саргузашт.
Парандаҳо бо болҳои парвозгарашон,
Аз торикӣ мегурезанд,
Пас чӣ гуна инсон дар тирагиҳои рӯзгор ба сар орад?
Оё камтар фаҳмидани ангезаи хуштар зистан нест?
Ман ҳаргизи онро нахостам
Ва ҳаргиз ба хештани хуш будани дил насупурдам,
Аммо бисёр ғам хӯрдам,
Ки, инак, мехоҳам,
Бо ғамҳоям оштӣ кунам.
БО НИГОҲИ ОШИҚОНА
Рӯзе, ки имрӯз
Дирӯзи фардост,
Ман нестам, аммо ту ҳастӣ,
Мо нестем, аммо замин ҳаст,
Бо ҳафту ҳафтод осмонаш,
Ҳар осмон бо ахтарони бекаронаш.
Гар ҳаст инсоне дар он сайёраҳо,
Аз ҷинси нур аст.
Дур аст, дур аст,
Аз ин ҳамаи ғамҳову шодиҳои мо,
Аммо шигифто!
Метавон номидаш инсон?
ЛАНДАН
Бо чӣ розе насим мегуяд:
Навбаҳор асту навбаҳорон аст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо