ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Бо чӣ нозе дарахт мерақсад,
Сарви дасташ шукуфаборон аст.
Бо чӣ созе паранда мехонад,
Тор, гитор, ё се торон аст?
Паркҳо сабзу лолазорон аст,
Ландану обшори борон аст.
ПАЁМ БА СИТОРАЕ, КИ АЗ МАДОРИ ХУД ХОРИҶ ШУД
Фирор кард ситора
Зи Каҳкашони худаш,
Гурехт духтари худсар
Зи хонадони худаш.
Ва ё парандаи обии нӯктилоӣ буд,
Париду дур шуду дур
Аз ошёни худаш.
Ситора , ой ситора,
Куҷо, куҷо рафтӣ?
Ба бе каронии кайҳон,
Ба моваро рафтӣ?
Ва ё ки зад ба сарат
Дар пайи Худо рафтӣ?
Ситора, ҳар чӣ ки хоҳӣ,
Ба мавҷ нур бигӯ,
Наё, наё ба суроғи замин зи дур бигӯ,
Ки мо ба гирди замин,
Гарми кишту кушторем,
Ба «интиҳорӣ»-ву «ишғолгар» гирифторем.
Ситора, дар сафари коинот равшан бош,
Шабони тира чароғи тахайюли ман бош.
Ба ҷашнвораи шоди баробарии башар,
Биё, агар чӣ ки панҷоҳ ҳазор соли дигар...
ЧӢ ЛАҲЗА-ЧӢ ЛАҲЗА
Чӣ лаҳза – лаҳза дигаргун шавад,
Замину замон.
Ба ҳам занем чу мижгон,
На ин бимонаду на он.
Ман аз гузашта ҷудоям,
Чунон ки пиндорӣ,
Ҳазор сол аз ин пеш,
Омадам ба ҷаҳон.
ЖОЛА—7

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо