ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

АЗ АШЪОРИ МУНТАШИРНАШУДА
ДАШНА ВА ОЙИНА
Пурсӣ чӣ гуна мегузарад зиндагониам?
Фарқе накардаам зи дарун бо ҷавониам.
Он рӯзҳои равшани шайдоиву талош,
В-он рӯзгори осии оташфишониам.
Ҳатто ҳанӯз ғарқаи дарёи оташам,
Ҳамвора беқарорам, саршору саркашам.
Пурсӣ дар ин ҷаҳони пур аз фитна кистам?
Як шоири ба доми ду ҳиҷрат тамоми умр,
Эрониам ба гавҳару гоҳе ҷаҳониам.
Дар хонводаи башар озода зистам,
Як лаҳза Зиндарӯд зи ёдам, вале нарафт.
Шабҳо басо нуҳуфта ба ёдаш гиристам.
Аммо ман аҳли шикваи беҳуда нестам.
Чун дашна ҳасту ойина дар дасти ман қалам,
Бар ҳар кӣ бар ҳарими башар панҷа мезанад,
Пайкори шоирона кунад нағмахониам.
Як боғи гул шукуфта шавад аз табассуме,
Гӯянд пайки хушхабари шодмониам.
Мавҷам ба баҳри ин ҳамаи зебои замин,
Вақте ки ғарқи шеър шавам,
Каҳкашониам.
ЭРОН
Эрон чу санги мавҷшикан сахту саркаш аст, Дарёдил асту ҷойгаҳи меҳру оташ аст.
ДУКТУР
Эҳдо ба пизишкони ҷаҳон.
Дуктур!
Биёед, биёед, дуктур,
Ки чашмам ба роҳ аст.
Дилу ҷону ҳар тори мӯям нигоҳ аст,
Ки аз дар дароед, дуктур!
Ба оромии кӯҳ бо як табассум.
Навиде зи кашфи ҷадиде биёред,
Шифое, сафое, умеде, биёред, дуктур!
Чунин аст ойин, ки инсон
Ба ҳангоми бемориву нотавонӣ,
Худоро фаро хонад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо