ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Оре, шуморо, шуморо.
Намехоҳад инро пазирад,
Ки поёни роҳ аст.
Ба ин вожаи талх ин воқеият,
Ба нобудии хеш – бовар надорад.
Бар он аст то вопасин дам,
Заминро
Дар оғӯши гармаш фишорад.
Бимонад, бихонад, бидонад.
Чаро ҳифраи каҳкашонӣ,
Сиёҳ аст?
Чӣ некахтарӣ бартар аз ин ки то зинда ҳастем,
Умедофаринем,
Ҳастипарастем, дуктур!
КӮЛИИ ҶАВОН
Кӯлии ҷавон!
Шамъ ларзон-ларзон месӯзад.
Фурӯ мерезад
Ва шуълакашон бармехезад.
Мебинӣ?
Қанории беқароре болҳояшро,
Бар дару девори қафас мекӯбад.
Раҳоӣ меҷӯяд,
Фарёд мезанад,
Мешунавӣ?
Ҳубобҳои булӯри чилчароғ,
Диринг - диринг
Ба ҳам мехӯранд.
Зилзила аст, зилзила,
Эҳсос мекунӣ?
Кӯлии ҷавон!
Бархез,
Бирав, бидав, парвоз кун,
Дарҳоро, панҷараҳоро боз кун,
Аз чордеворҳо берун шав,
Ҷода санглох аст,
Медонам,
Аммо домони замин фарох аст
Ва роҳҳо бисёр.
Кӯлии ҷавон!
Ёдат наравад гиторат,
Ин меҳрубонтарин ёратро бардор,
Чеҳраи шодобу шонаҳои васеатро,
Ба бӯсаи гарми Офтоб биспор,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо