Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

То гунаҳои шангарфат,
Лолаҳои саҳро шаванд.
Зарби оҳангҳои тунди қалбатро,
Армуғони парандагон кун,
То гарми нағмаву наво шаванд.
Танҳо шабчароғи ишқатро,
Нисори онон кун,
Ки ба ту замину забон бахшиданд.
Ба умеде, ки раҳо шаванд,
Оҳ, чӣ бигӯям?

Кӯлии ҷавон!
Роҳ афтодӣ?
Дар устураи бекарони ҷаҳон,
Ба пули ойина, ки расидӣ,
Як лаҳза қомати баланди худро тамошо кун,
Чашмони дурушти миррихиатро во кун.
Ҷони пинҳонатро,
Рӯҳи нигаронатро
Ва нақшу нигори ормонатро,
Дар ойина бибин,
Ойинаҳо ростгӯёнанд.

Нигоҳ кун! Нигоҳ кун,
Тамоми ситораҳо
Дар нигоҳи ту медурахшанд.
Сайёраи Заминро низ
Нигорае дигар аст.

Кӯлии ҷавон!
Ту, инак, рӯйи пули ойинаӣ.
Пули ойина
Рӯдро дар оғӯш гирифта
Ва рӯд
Дар зилзилаи замон
Шиновар аст.

ДУРУД

Барои Ширин Ибодӣ, нахустин эронии барандаи Ҷоизаи Нубел

Дуруди меҳр ба Ширин,
Дуруд бод ҳазорон,
Бар он намоди адолат,
Бар он ҳамосаи даврон.
Гулӯи шеъри ман аз шавқ,
Ончунон бигрифта,
Ки вожаи «натавонам» суруд сохт,
Беҳ аз ин:
Дуруд бод ба Ширин,
Дуруд бар зани Эрон.

пешина
аз 263
навбатӣ