ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

БАДАМ ОЯД
Бадам ояд зи дарёе,
Ки поёнаш бувад пайдо.
Бадам ояд зи инсоне,
Ки аз мармар тарошад пайкари худро.
ТАРҲ-1
Дарёи шомгоҳии хунёгар,
Хонд суруди бадрақаи Хуршед.
То ахтарони шаб сари ҳар мавҷаш,
Ҷодуи рақси нур кунанд оғоз.
Фонусҳои заркаши руъёӣ,
Бар рӯйи об равшану хомӯшанд.
Дар соясори сахраи дарёӣ,
Тарҳи зане ба чашм хӯрад аз дур.
Пинҳону ошкору пурасрор аст,
Бо дузди оташаш сари дидор аст?
ТАРҲ-2
Поиз.
Борон.
Ду шохи печи баланд,
Ду чашми шӯхи ҷавон.
Ду пойи тунди гурез
Ва дашту кӯҳу биёбон.
ТАРҲ-3
Обҳо палла-палла аз сари санг,
Паркашон, парфишон ба паҳнаи рӯд.
Рӯди нилуфариву бирка кабуд,
Ҳарду ҳамбистару ҳамоғӯшанд,
Зери он сояҳои равшани абр.
Рӯйи ойинаҳои обии об,
Дар ҳаёҳуи мавҷҳои ситабр,
Он ду мурғобӣ аз чӣ хомӯшанд?
ВЕТНОМИ ПИРӮЗ
Дарахти озодӣ,
Чи ҷовидона дарахтест сабзу муъҷизагар,
Ки ҳар чи боди мухолиф бар ӯ ҳуҷум орад,
Баландтар шаваду баргу бораш афзунтар.
Ва ин дарахт чи гулҳои ифтихор, ки дод,
Ба сарзамини далерон — ба Ветноми ғаюр.
На ҷабри ҷанги фурӯзон, на дашнаи дажхим,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо