ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Накард ӯро мақҳур,
Магар диловари озода мешавад таслим?
Миёни он ҳама оташ, ки хонаашро сӯхт,
Ба хуни хеш фурӯ шуст сарнавишташро,
Ки растахези бузургаш шавад ҳамосаи қарн.
Зи сангфарши хиёбон кунун бишӯяд хун,
Ки аз Ватан асари душманон барандозад
Ва ҷои он ҳама вайрона хонаҳо созад.
Ба хуни хеш фурӯ шуст сарнавишташро,
Ки зинда монаду озодвор кор кунад.
Ки Шарқи пири ҷаҳондида, Шарқи шоди ҷавон,
Ба Ветноми далери худ ифтихор кунад.
ОШТӢ
Мехоҳам бо ғамҳоям оштӣ кунам,
Мехоҳам ситора- ситора нафас бикашам,
То лаҳзаҳоям зангӯлаи тилоӣ бар ангуштон биёвезанд
Ва дар миёни торикиҳо ба рақси нур дароянд.
Зулму зулмат офаридагони ҳаманд,
Дареғ аз рӯзоне, ки бо он ҳарду ба сар гузашт.
Парандаҳо бо болҳои парвозгарашон,
Аз торикӣ мегурезанд,
Пас чӣ гуна инсон дар торикиҳо рӯзгор ба сар орад?
Оё камтар фаҳмидани ангезаи хуштари зистан нест?
Ман ҳаргиз онро нахостам
Ва ҳаргиз ба хештан хуш будан дил насупурдам,
Аммо бисёр ғам хӯрдам,
Ки , инак, мехоҳам
Бо ғамҳоям оштӣ кунам.
БОҒИ ПОИЗ
Боғи поиз,
Қасри нуру тилост.
Ваҳ, ки поиз,
То чӣ ҳад зебост.
Сурху зардаш шарора рӯйи булӯр,
Ошиқона нигаҳ кунед он ҷо,
Баргу бод аст, ё парандаи зард,
Медавад рӯйи сабзаҳо аз дур?
Чӣ ҳавои хуше
На гарм,
На сард,
Атраркида нағмаи мурғон,
Аз баҳорони рафта орад ёд.
Пурсам аз ҳолати нагуфтаниам,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо