Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз хазон дилгирифтаам
Ё шод?

ҲАЙФ

Ҳайф аз ин дарахти пуршукуфа,
Ҳайфи занбақи сафед.
Ҳайфи нағмаи парандаи пушти буттаҳо,
Ҳайф аз обу Офтоб,
Гар наёфаринам он чӣ бояд офарид.

МАРГИ ПАРАНДА

Ба ҷангалзорҳо субҳи баҳоре,
Бурун орад мурғи беқароре.
Зи лона ҷӯҷаи зебои худро,
Азизи навпару навпои худро.
Аз ин шоха ба он шоха парондаш
В-аз ин гулбун ба он гулбун нишондаш.
Чу дид ӯ орамидан метавонад,
Ба танҳои паридан метавонад.
Ба ӯ гуфто:
Бирав, эй ҷони модар,
Ту ҳам модар шаву тифлон бипарвар.

Гузашт аз он такопӯ чанд рӯзе,
Баҳорон буду субҳи дилфурӯзе.
Парид он мурғаки навпар зи лона,
Ҷавон буду фирорӣ шуд зи хона.
Пур аз нерӯи нав он ноздухтар,
Нишаст аз шохае бар шохи дигар.
Зи зебоии ҳастӣ шодмон шуд,
Ба овози биҳиштӣ нағмахон шуд.
Биомад мурғи дигар з-осмонҳо,
Чу дид ин мурғаки зебост танҳо.
Сари шохе канораш ҷогузин шуд,
Ба сад дил ошиқи он дилнишин шуд
Ба чашмони гуле рангаш назар кард,
Зи шӯру шавқи ишқаш нағма сар кард:
Чи зебоӣ, чи минқорат зариф аст,
Парат рахшандаву болат латиф аст.
Нафасҳои ту тунду оташин аст,
Навои нарми ту ишқофарин аст.
Ба ноз он духтарак омад каме пеш,
Шуд ӯ ҳам ошиқи дилдодаи хеш.
Дутоӣ болу парҳо боз карданд,
Ба сӯйи осмон парвоз карданд.
Дар оғӯши уфуқ масту ғазалхон,
Барои зиндагӣ бастанд паймон.
Сипас дар киштзори дилписанде,
Ниҳода лона бар шохи баланде.

пешина
аз 263
навбатӣ