Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Даруни ошён овоз хонданд,
Барои якдигар бо ноз хонданд.

Парид аз ошён домоди шайдо,
Ки бо барги гуле бозояд он ҷо.
Ҳамон дам шуд нишони тири сайёд,
Ба рӯйи сабзаҳо афтоду ҷон дод.

Чу ёраш ёри дар хун хуфтаро дид,
Ба сар зад болу аз андӯҳ нолид.
Гирифт он ёри хунинро ба минқор,
Париду рафт аз он ҷо мурғаки зор.
Надид ӯро дигар мурғе ба гулзор...

ШАБИ БОКУ

Моҳи рахшанда мезанад лабханд,
Бар ҳазорон ситораи зебо.
Лаби дарёи пурхурӯши Хазар,
Сари санге ситодаам танҳо.
Шудаам ошиқи шаби Боку,
Гарчи дил монда он сӯйи дарё.
Оҳ, ёрони ман куҷо ҳастанд,
В-он ҳама шавқҳову шодиҳо?

ЯК ДАСТА ГУЛ

Бар он шуданд ҷавонони сарзамини ҳунар,
Зи боғи Меҳани ман — аз саросари Эрон.
Сурудхонон гирд оваранд дастагуле,
Гуле барои ҷавонони сулҳҷӯи ҷаҳон.

Зи остонаи кохи баланди Фирдавсӣ,
Ба дасти Рустам чиданд як гули абадӣ.
Бунафшае зи хароботи Ҳофизи ҷовид,
Шукуфае зи «Гулистон»-и хуррами Саъдӣ.

Зи тахти Ҷамшед — он кохи бошукӯҳи бузург,
Гуле зи санг бичиданд пурбаҳо чу гавҳар.
Гуле, ки дида ҳазорон баҳори атрафшон,
Гуле, ки дар чамани завқ хӯрда оби ҳунар.
Гуле чу хӯшаи Парвин шукуфтаву зебо,
Гуле, ки ханда зада бар шарори Искандар.

Сипас зи гунбади фирӯзафоми масҷиди шоҳ,
Ки сад баҳори Сифоҳон дар ӯст наққоше.
Зи резакориву зебоиву ҳунармандӣ,
Намунавор бичиданду як гули кошӣ.

Зи шавқ духтараки мушкмӯйи қолибоф,
Ба коргоҳ нигаҳ карду ногаҳон ба шитоб.

пешина
аз 263
навбатӣ