ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Гуле чу шуълаи оташ зи қолии худ чид,
Гули шукуфта чу рухсорааш гули ноёб.
Зи нақшҳои зарифе, ки он арӯси ҷавон,
Ба рӯйи тофта медӯхт бо сари қуллоб.
Гирифт бо лаби пурханда як гули мехак,
Гуле чу чеҳраи зебош тозаву шодоб.
Дили ҷавони қаламзан ба шӯру шавқ омад,
Бисохт навгули барҷастае зи нуқраи хом.
Канори сунбулаҳои тилоии гандум,
Гузошт духтари деҳқон шукуфаи бодом.
Ҷавони коргар аз нерӯи тану ҷонаш,
Ки чархи зиндагӣ аз ӯст барқарору ба кор.
Гуле бичид дурахшанда чун гули хуршед,
Гули талош, гули орзу, гули пайкор.
ЭЙ РАНҶБАР
Вақте сапеда аз паси кӯҳсори нилгун,
Сар мезанад бурун.
Вақте ҳанӯз духтари зарпӯши Офтоб,
Дар бистари кабуди сипеҳр аст ғарқи хоб.
Бедор мешавӣ ту дилогоҳу зӯрманд,
То бар сари ду даст Заминро кунӣ баланд.
Эй паҳлавон, ки зиндагии сода мекунӣ,
Ҳар рӯз бо шукӯҳи тавонои ҷисму ҷон,
Моро барои зистан омода мекунӣ.
Эй ранҷбар, ки ҳиммати ту, такягоҳи туст,
Оғӯши бози модари Меҳан паноҳи туст,
Идат хуҷаста бод!
Занҷири зангхӯрдаи аъсор то абад,
Аз дасту пойи роҳгушят гусаста бод,
Чашмони жарфбини ғаюрат ҳамеша боз,
Паймони иттиҳоди бузурги ту бо ҷаҳон,
Пайваста баста бод!
ГУЛИ САҲАР
Гули сафед ба боғи шаби сиёҳ шукуфт,
Гули сафед сафеду шаби сиёҳ сиёҳ.
Ҳанӯз мурғи саҳар хуфта буд дуродур,
Ҳанӯз дар паси зулмат нуҳуфта буд гиёҳ.
Гули сафед дурахшид чун ситораи субҳ
Ва атр рехт ба гаҳвораи ҳарири насим.
Касе, ки шаб ҳама шаб дар пайи саҳар мегашт
Ва буд дидаи шабзиндадори ӯ бедор.
Ба сӯйи он гули наврас, ки буд ранги саҳар,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо