ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Шаҳобвор равон шуд ба паҳнаи шабгоҳ
Ва ҷон супурд дар он размгоҳи зулмату нур.
Чу ҷоми сурхи уфуқ пур шуд аз сапедадамон
Ва боғҳои баҳорон шукуфаборон шуд.
Ва фориғ аз ситаму ғам нафас кашид инсон,
Ба рӯйи санги мазораш навишта шуд бо гул:
Ғунуда он шаби торик равшаниро дид
Ва шодмона нахустин гули саҳарро чид.
ЗАВОЛ Ё ЗАФАР
Чунон дар баҳри тӯфонии ҷонҳо ғӯтавар ҳастам,
Ки пиндорӣ,
Ман аз дунёи берун бехабар ҳастам.
Ба диққат бингарам бар чашмҳо,
Аммо набинам ранги онҳоро,
Зи чашмон бишнавам рози ғаму шодии ҷонҳоро,
Чи шодиҳои рангорангу ғамҳои фаровоне.
Зи рози хилқат огаҳ нестам,
Аммо
Хутути чеҳраҳоро хуб мехонам
Ва медонам,
Ки инсон аз азал бо сарнавишташ буда дар пайкор,
Завол аз хуфтагон асту зафар аз мардуми бедор
Ва бедорист душворӣ.
Чӣ бояд кард?
Занад ҳар субҳдам
Мурғи саҳар
Фарёди бедорӣ.
НИҲОЛИ ҶАВОНӢ
Табиат модари инсон
Ва фарзандони инсон орзуҳое,
Ки бетобанду бисёранд
Ва чун амвоҷи дарёҳо,
Мудом аз пушти якдигар,
Аз ин ҷо сар бароварда,
Дар он ҷо сар фуруд оранд,
Хаёлангезу рангорангу афсунгар.
Гаҳе инсон ба дашти орзумандӣ,
Ниҳоли ҷовидон корад,
Бикӯшад бо ҳама ҳастӣ,
Басо дар пойи он кишта диҳад ҷонро,
Ки рӯзе дар ниҳоли орзуяш баргу бор орад,
Барои наслҳои дигару ояндаи дигар.
ГУНҶИШК

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо