Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ту, эй гунҷишки кӯчак!
Дар кафи дастӣ,
Асир астӣ,
Фазои дашту саҳроро бибар аз ёд.
Чӣ ғам он дасти мудҳишро,
Агар шодӣ ту, гар ношод?
Гирифтат аз сари як шохаи сабзи саҳаргоҳӣ,
Паратро чиду болатро буриду гуфт:
Озодӣ,
Бирав ҳар ҷо, ки мехоҳӣ.

Ту, эй гунҷишки кӯчак, шодмонӣ кун,
Фазои гашти ту дар як кафи даст аст,
Ки гаҳ боз асту гаҳ баста-ст.

ВАСИЯТ

Агар мурдам ба ғурбат, пайкарамро,
Ниҳон созед дар зери дарахтон.
Намехоҳам ба рӯйи синаам санг,
Ки шояд дар баҳорони гулафшон:
Шавам ҳамчун гиёҳон зинда аз нав,
Зи хоки тира бардорам сарамро.
Ҷавона ораму сарсабз гардам,
Бипӯшонам ба гулҳо пайкарамро.

Марезед ашки ғам дар мотами ман,
Чӣ кас дар ин ҷаҳон мондаст бар ҷо?
Чӣ медонед, шояд ман пас аз марг,
Ба шакли дигаре оям ба дунё?

Дар офоқи ҳунар оред ёдам,
Ки ман бо ёдатон дар хок шодам.

ДӮЗАХИ ДАЖХИМ

Рӯҳи ворастаи аз хун безор,
Мезанад парса дар хиёбонҳо.
Орзуи бузурги гумшудае
Ҷустуҷӯ мекунад дар инсонҳо.
Ҳар кӣ хунхор гашт, инсон нест,
Нест инсон ба зоти худ хунхор.
Қарн хунину қалбҳо пуркин
Ва замин гашта арсаи куштор,
Насли фардо кунад ба мо нафрин.

Бо ситамгар набард бояд кард,
Лек одамкушию кушта шудан.
Гар шавад ишқи одамӣ— дард аст,
Рафъи ин гуна дард бояд кард.

пешина
аз 263
навбатӣ