ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Қотилон охирин дақоиқи умр,
Куштаҳоро ба чашм мебинанд.
Шевани ҷонгудози ҷамҷамаҳо,
Рӯҳашонро азоб хоҳад дод.
Ва ҳамин аст дӯзахи дажхим,
Ки ба оташ ҷавоб хоҳад дод.
ТАМОШО
Чи дилафрӯз аст офтоби баҳор
Ва нури гулранги арғувонҳои ҷавон,
Дар доманаҳои нилии кӯҳсор.
Ёсҳои зард,
Бар сари соқаҳои қаҳваии дарахтон,
Чун зангӯлаҳои заринанд,
Бар пойи раққосаҳои ҳиндӣ,
Пуррангу пуроҳанг,
Дар насими атрафшон.
Машъалҳои наргиси шаҳло,
Дар чамани сабзи шомгоҳон,
Чунон дурахшонанд,
Ки моҳ намедонад,
Партави тилоияшро,
Куҷо барафшонад?
Бозии лаклакҳои ошиқ,
Дар найзорҳои офтобӣ,
Рақси қуҳои сапед,
Дар дарёчаҳои обӣ,
Ваҳ, ки чӣ қадар збост
Ва рӯҳи мо — ташнаи тамошост.
ЗИНДАГӢ ВА НУРИ ЗИНДА
Шаҳр—зинда,
Шеър—зинда,
Шӯр—зинда,
Зиндагиву нур зинда,
Шаҳру шеъру шӯри мо ҳаргиз намирад.
Ҳар қадар абри табоҳе,
Тиратар созад фазоро.
Озарахши разми мо,
Парвози равшантар бигирад.
ДАШТИ ТАНҲОӢ
Дашти танҳоиву тараннуми бод,
Бодҳо - ёдҳои дуродур.
Ёдҳо - сахраҳову ойинаҳо.
Дар ғубори нишаста бар рӯзон,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо