Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо ман, ки ранҷдидаву афсурдаам чаро,
Дорад сари ситезагарӣ чархи бадгуҳар?
Не, не, ба чарх туҳмати беҳуда мезанам,
Ман хаставу фасурдаам аз ҳиллаи башар.
Гар шӯйи ман ба сӯйи разолат намешитофт,
Кай мешудам шикастадилу зору дар ба дар?
Боре зи бевафоии он марди сустмеҳр,
Чун лола доғдораму чун ғунча хунҷигар.
Паймони худ шикасту надонист қадри ман,
Кард интихоб баҳри дили худ зане дигар.
Пиндоштам, ки хонаи ӯ лонаест, лек
Аз ғам шикаст боламу дар хун кашид пар.
Хоҳад маро ба сарвати худ шодмон кунад,
Боре занад ба қалбам аз ин пеша нештар.
Бояд бимирад он зани нодон, ки ҳозир аст,
Дил хуш кунад ба симу фурӯшад вафо ба зар.
Молу манол воми муҳаббат намедиҳад,
Жола вафо биёру аз ин ганҷ баҳра бар.
ЗЕБОӢ БА ХУДОРОӢ НЕСТ
Ҷилваи ҳусни ту, эй зан, ба худороӣ нест,
Нест гар сода ҷамоли ту тамошоӣ нест.
Он гули тоза ба гулдони булӯрин ҳаргиз,
Ҷилвагар ҳамчу гулу лолаи саҳроӣ нест.
Гарди алвон чӣ занӣ бар рухи покизаи хеш,
Равғану ранги туро мазҳари зебоӣ нест.
Рӯйи гулгуни ту гар сода набошад, эй маҳ,
Ошиқи наргиси мастат дили шайдоӣ нест.
Сарв машҳури чаман гашт зи озодии табъ
Варна фахраш ба худороию раъноӣ нест.
Пок кун саҳфаи дил, то бидурахшад рӯят,
Чӣ ғам ар рӯйи туро ҳусну дилороӣ нест.
Симу зар банди дили мардуми кӯтаҳназар аст,
Назари марди ҷаҳондида ба дороӣ нест.
Жола, дониш биталаб, то бифурӯзад ҷонат,
Ки фурӯзандатар аз машъали доноӣ нест.
ИФТИХОРИ ЗАНИ ДОНО

пешина
аз 263
навбатӣ