ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ифтихори зани доно ба зару зевар нест,
Хору сарбор бувад зан, ки ҳунарпарвар нест.
Донишу маърифат андӯз ба ҷои зару сим,
Ки худованди ҳунар бандаи симу зар нест.
Ҷаҳлу нодонии зан боиси бадбахтии ӯст
Варна ин унсури покиза сияҳахтар нест.
Зомини тарбияти насли ҷавон фарҳанг аст,
Чӣ тавон кард чу фарҳанг дар ин кишвар нест?
Мо ба як зоҳири ороста дил хуш кардем,
Лек дар ботин аз ин кор парешонтар нест.
Он кӣ таълими ғалат ёфт дар омӯзишгоҳ,
Гар шавад хоину бекора шигифтовар нест.
Навниҳоле, ки фитад аз назари деҳқон дур,
Чӣ аҷаб, гар ба чаман соҳиби баргу бар нест.
Дарди ин ҷомеа ҷуз илм надорад дармон,
Роҳи беҳбуд ҳамин асту раҳи дигар нест.
Жола, бар оташи дил об зан аз ашки умед,
Ки туро чора ҷуз ин дидаи пургавҳар нест.
САОДАТИ ЗАН
Он шунидам, ки боз дар Теҳрон,
Гуфтугӯ аз ҳиҷоби зан бошад.
Иддае аз риҷол мехоҳанд,
Зан дигарбора пурмаҳан бошад.
Муддаӣ кист, ин чӣ ғавғоест,
Кӣ тарафдори ин сухан бошад?
Кай чунин гуфт мазҳаби ислом:
Ки зани зинда дар кафан бошад?
Нест иффат ба рӯй пӯшидан,
Покии ҷон ҳиҷоби тан бошад.
Чанд хоҳед ин кабӯтари пок,
Андар ин мулк чун заған бошад?
Сахт бошед дар тамалуки нафс,
То ки зан низ чун чадан бошад.
То шумоед сусту зоҳирбин,
Зан гаҳе сарву гаҳ суман бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё