ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Рӯзҳо - рӯзҳои гумгашта,
К-аз гузашта ба ҷояшон мондаст,
Дашти танҳоиву талотуми бод.
Ман ҳеч гоҳ сияҳрӯз набудаам,
Аммо чандон ҳам пирӯз набудаам.
БЕ ТУЛУЪ ВА ҒУРУБ
Дар биёбони бетулуъу ғуруб,
Ҳеч рангеву ҳеч оҳанге.
Ҳеч фарқе намекунад баду хуб,
На зи шодӣ асар, на аз андӯҳ.
Такравон,
Такравон.
Гурӯҳ, гурӯҳ.
Хобравҳои масхи саргардон,
Мавҷсон дар масири рӯд равон,
Дар биёбони бетулуъу ғуруб.
ЯК ГОМ
Як гом,
Як гузор.
Аз дараи амиқ миёни ду кӯҳсор,
Як ёди дурдаст,
Як умр интизор.
ҲАМБОЗИ КӮДАКИАМ
Ҳар гоҳ,
Мерасам ба он истгоҳ,
Ки меъоди мо буд.
Бар мармари сапеду сурати деворҳо,
Нигоҳи ту,
Ранг - ранг медурахшад.
Нигоҳи ту,
Вақте механдидӣ,
Нигоҳи ту,
Вақте мегиристӣ.
Вақте ду боли латифи бозувонатро,
Ба рақс боз мекардӣ,
Мисли паранда парвоз мекардӣ,
Чи зебо,
Чи бепарво будӣ.
Ба ҳар кас мешинохтӣ,
Ҳадя медодӣ,
Ба ҷашнҳо ва сӯгҳо,
Гули сурху уркида мефиристодӣ.
Дар ҳайратам аз баландои ҳиммати ту,
Чӣ гуна дар он қомати кӯтоҳат
Ҷо мегирифт?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо