ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Чи зулолу меҳрубон будӣ,
Ҳамчун чашмаҳои кӯҳсорӣ.
Дар баробари меҳри ту,
Ман киам?
Эй ҳамбози кӯдакиам?
ҲАЗОРАИ НАВ
Гуфт Анварӣ, ки дар асари бодҳои сахт,
Вайрон шавад сарочаву кохи сикандарӣ.
Дар рӯзи ҳукми ӯ навазидаст ҳеч бод,
Ё мурсал-ул-риёҳ ту дониву Анварӣ.
Пешгӯии Жола ҳам барои ҳазораи нав чунин аст:
Бимон,
Бимону бибин!
Бин чӣ гуна замин,
Шавад бузургтар аз пеш,
Дар ҳазораи нав.
Ва офтоби зарафшони субҳ,
Равшантар,
Чу ошкора дурахшид,
Даруни ҳолаи хуршед,
Меҳрвораи нав.
Бимону бибин!
Ки зиндагӣ чӣ қадар зуд мекунад тағир
Ва инсонҳо
Чи меҳрубонтару инсонтар аз гузашта шаванд,
Бас аст бар сари ҳамдигар он чӣ овардем.
Замон замони дигаргунии ниҳодин аст
Ҷаҳон ҷаҳони раҳоӣ.
Баробарӣ, башарӣ
Ва растагории торихи тоза - ровии пир.
Фазои густариши дониш,
Офариниши алам.
Шеър, мусиқӣ
Ва шодмонии дидори он ки меояд,
Зи як ситораи нав.
Хушо, таҷассуми дунёи орзумандӣ,
Ба умеди ту,
Эй ҳазораи нав!
МЕПУРСӢ
Мепурсӣ,
Ман кистам,
Чӣ гуна зистам?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо