ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Рӯзе мешиносиям,
Ки дигар нестам.
ҲАЗОРАИ САВВУМ
Бар қалъаи баланди замон дидем,
Оғозаи ҳазораи саввумро.
Дидем дар шукӯҳи чароғонҳо,
Ҳангомае ҷаҳоне мардумро.
САДАИ ТОЗА
Охирин рӯзи қарни бистум аст,
Мардумон шоду ошиқон сармаст.
Нимашаб,
Панҷ соати дигар,
Садаи тоза мешавад оғоз,
Орзуҳо, умедҳои навин,
Болу пар боз
Дар раҳи парвоз...
МАН МЕРАВАМ
Ман меравам,
Ба савоҳили дурдасте, ки садоям мекунанд,
Ба ҷашни ҷазоири сарсабзе, ки хумори баҳоранд.
Ба сафи мурғони муҳоҷир,
К-аз хашми дарё ва хушксоли саҳро,
Ба сарзаминҳои рифоҳу раҳоӣ раҳсипоранд.
Парандагони болафшон,
Боронро аз рӯйи парҳояшон
Фурӯ мерезанд.
Ва ман бори рӯзгоронро
Аз шонаҳоям.
То сабукбор
Аз долони пурпечу хами сарнавишт
Гузар кунам.
Ба дунёи инсонҳое сафар кунам,
Ки дар шикасти вопасин
Худро набохтаанд.
Ва дар пирӯзии сарзада
Бахше аз бинои инсониятро сохтаанд.
БАРОИ БАҲОР
Боз, шуд боз лолаҳои баҳор,
Боз ҷонам шукуфазорон шуд.
Аз гулу сабза
В-аз ҳавои баҳор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо