ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Боз шеъре шукуфта шуд дар ман,
Ғазале
Нағмае
Барои баҳор.
ҶӮЙБОР
Эй ҷӯйбори борик!
Бо замзамаҳои абрешимиат,
Нафас-нафас аз рӯйи сангрезаҳо
Мегурезӣ ба куҷо?
Магар намебинӣ,
Бодҳои парешон,
Шишаи шафофи синаатро,
Ҳар дам дарҳам мешикананд?
Боз ҳам обҳои ухроият,
Ҳаваси зулол шудан доранд.
Боз дар пайи талолуи тоза,
Саросема парса мезанӣ ба ҳар сӯ,
То саломи субҳгоҳӣ,
Бар Офтоб кунӣ,
То гули сурхҳои ташнаро сероб кунӣ,
То овозхони саргардони саҳро шавӣ?
Ҷӯйбори борик!
Шояд мехоҳӣ,
Бо таронаҳои нарми нилуфариат,
Симсамфуни бузурги дарё шавӣ
Ва чун ман як лаҳза,
Танҳо як лаҳза,
Аз тамоми дилнигарониҳо,
Раҳои раҳо шавӣ?
ХАТЛОНЗАМИН
Баҳори хуррами Хатлонзамин гулафшон аст,
Сафои боғи гул аз гулрухони Хатлон аст.
Кӯлоб гӯиву ман гӯямаш гулоб аст ин,
Ки дар баҳор гулу оби ӯ фаровон аст.
Бигӯ ба Восеи разманда шоду хуррам бош,
Ки бахти мардуми номоварат дурахшон аст
ПОСУХ БА ШОИРИ ТОҶИК
Дили бе ишқу оташ нест дил,
Мушти гил аст он дил.
Барои дӯстдорӣ мушкил аст он дил,
Ту гармӣ медиҳӣ, эй шамъи равшан базми ёронро,
Парастуи баҳорон хондаем бо шеъри пуршӯрат,
Биё, парвоз деҳ, инак, парастуи бпҳоронро.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо