ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

САДОИ ШАРҚ
Садои Шарқи куҳансол буда садҳо қарн,
Нидои донишу шеъре, ки монда ҷовидон.
Садои Шарқи навин – нағмаҳои озодист,
«Садои Шарқ», ту з-ин ҳарду ёдгор бимон!
«Садои Шарқ», ки панҷоҳсолаи имрӯз
Ва ним умри ту ман бо ту будаам ҳамроҳ.
Басо шабо, ки ба болини ман нишастӣ ту
Ва аз гузаштаву оянда кардиам огоҳ.
Басо намудиям аз хоби субҳдам бедор,
Ки хезу бо ҳама ҳастӣ ба зиндагӣ рӯй ор.
Басо ба гӯши ту хондам навои шодиву ғам,
Басо зи панди ҳакимонаат шудам маҳкам.
«Садои Шарқ» самимитарин саломи маро,
Дуруди гарми маро, беҳтарин паёми маро
Расон ба шоири фардо, ки баъди ман ояд,
Ба булбуле, ки бад-ин ҷовидон чаман ояд.
Ба ӯ ки сокини Моҳу ситораҳо бошад
В-аз он чӣ дард кашидем мо, раҳо бошад,
Шавад, ки лаҳзае оё ба ёди мо бошад?
ОТАШЕ, КИ НАМИРАД
Фавворае аз оташ аст ин
Ё ашки сурхи модарон аст?
Ё паҳлавонони асотир,
Гирянд бар марги бузурги қаҳрамонон.
Ояд ба дидори писар он модари пир,
Зону занад дар назди фарзанди шаҳидаш,
Резад ба рӯйи сангҳо мӯйи сапедаш.
«Фарзанди ман имрӯз милоди ту бошад,
Ин шохагулро, ки парвардам бароят,
Бишкуфта овардам бароят.
Умрест рӯзону шабон,
Ёди ту з-он гул тозатар,
Бо бӯсаҳо ошуфта гардад ашки модар».
Ногаҳ чу бардорад зи рӯйи санг сарро,
Бинад канори хештан гӯӣ писарро,
Печида бар бозӯи ӯ,
Нилуфар дасти арӯсиаш.
Он ҷуфти шодон,
Гулҳо барафшонанд ором,
Бар машъали сарбози гумном.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо