ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

БАҲОРИ ОХИРИН
Паҳнаи торики дарё,
Ман асири мавҷҳои пурталотум,
Роҳи соҳилҳо ҳама гум.
Дар такопӯи парешам тундтар мешуд нафасҳо,
Лаҳзаҳои вопасин танҳои танҳо.
Хостам бо зиндагӣ бидруд гӯям,
Эй ту пойоби раҳоӣ,
Аз кадомин марзи ҳастӣ омадӣ ногаҳ ба сӯям?
Рӯйи шанҳои тилоӣ,
Боз чашмони маро бар субҳи равшан боз кардӣ,
Эй баҳори охирин,
Фасле навин оғоз кардӣ.
ТАЛОЯИ ДОР
Замин
Чу модари меҳрофарин
Ҳазорон қарн,
Гирифта буд дар оғӯши хеш инсонро,
Ки ин беҳин фарзанд тарки ӯ накунад.
Ки дур аз ӯ хатару марг ҷустуҷӯ накунад
Ва ҳастии дигаре дар ситораи дигар орзу накунад.
Вале ҳамеша башар буда ошиқи парвоз,
Агарчи дошта пайваста бо Замин пайванд.
Ҳамеша чашми умедаш бар осмон буда,
Ҳамора буда дилаш бо ситораҳо ҳамроз.
Ва он ки дод нахустин салом инсонро,
Бар ахтарони дигар,
Гирифт зери пару бол ошёни дигар
Ва шуд шиновари дарёи осмони дигар,
Тилоядори фазои навин
Гогорин аст.
Шукӯҳи равшани андешаҳои инсонӣ,
Шукуфтани гули сад орзуи дерин аст.
Чи асрҳо, ки биояд,
Чи наслҳо, ки раванд
Ва ӯ ҳамеша ҷавон асту зиндаи ҷовид,
Ки пайки асри фазост
Ва дар раҳи Хуршед,
Ҳамеша ҳамраҳи пирӯзи мардуми фардост.
ОРОМ БОШ!
Ором бош!
Эй «Гули пӯлод»-и шуълавар,
Ҳаргиз нагӯям:
Оташи дилро хамӯш кун,
Бо «Корвон»-у «Пӯя» бирав айшу нӯш кун,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо