Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ё ҳар чӣ гуфт газмаи худкома гӯш кун.
Зеро ту дар раҳи дигарӣ,
Раҳрави дигар,
Аммо хурӯши бештар аз «Хонагӣ» макун,
Худро мазан ба оташу девонагӣ макун.
Ёд оварам чу толеъи Масъуди Саъдро,
Ё Фаррухию Ишқии пурраъду барқро,
Ларзад дилам барои ту, эй сангари ҳунар.
Ором бош!
Эй «Гули пӯлод»-и шуълавар.

АРМАНИСТОН

Чи пуршӯру муштоқ дар Арманистон,
Варақ мезанам дафтари бостонро.
Дар ин дафтар аз қарнҳо ранҷу дониш,
Ба хотир супорам басе достонро.
Дар ин сарзамини куҳан бинам, инак,
Шукӯҳи навоини бахти ҷавонро.

МОЕМ, Ё ОНҲО

Намедонам, чаро ногоҳ дар дил орзу кардам,
Каримхону Уносис
Дафтари шеъри маро хонанд.
Ба ман гӯянд:
Оё як сухан аз он чӣ мехонанд, мефаҳманд?
Намегӯям забонамро,
Ғамамро, ормонамро,
Намедонам сафири асри мо,
Дар пешгоҳи мардуми фардо,
Мо ҳастем, ё онҳо?

ФАРЁДИ ФАҚИРОН

Уфуқ торику гардун қиргун аст,
Фалак имшаб гирифтори ҷунун аст.
Ситора ҳамчу шамъи ашкборе,
Ки месӯзад ба болини низоре.
Ҳуҷумовар шуда афкори воҳӣ,
Фиканда бар дилу ҷонам сиёҳӣ.
Надорам ман ғами бешу ками хеш,
Нанолам ҳаргиз аз дарду ғами хеш.
Чу фарёди фақирон мекунам гӯш,
Кунам дарду ғами худро фаромӯш.
Зибас бинам, ки фақру шӯрбахтӣ,
Ба ин рӯ карда он нолад зи сахтӣ.
Ҷавонони Ватан зору парешон,
Ба зери бори ғам вомонда пирон.
Зибаски мардуми бечора бинам,
Фақиру музтару овора бинам.

пешина
аз 263
навбатӣ