Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Зи по то сар шавам чун шамъ сӯзон,
Ки дар зулмат шавам шояд фурӯзон.

ҚИМОРИ ЗАНОН

Қимор то ки дар ин мулк гашта кори занон,
Зи холи сияҳ тира карда рӯзгори занон.
Чи нолаҳои ғамогин, ки ҷои нағма гирифт,
Чи хонаҳо, ки парешон шуд аз қимори занон.
Ба ҷои шӯйи вафодору кӯдаки дилбанд,
Дареғ, мизи қимор аст дар канори занон.
Ба кишваре, ки ғами фақр сарнавишти зан аст,
Қимори кохнишин аст ифтихори занон.
Зи асри фитрати Эрон, зи аҳди қатъи риҷол,
Қимору бодагусорист ёдгори занон.
Равони равшани Зардушт мезанад фарёд,
Фитода дар кафи Аҳриман ихтиёри занон.

МАН ВА ДИЛ

Дил:

Жола, туӣ ин қадар андуҳгин,
Ин ҳама озодаву дардофарин.
Рӯйи ту чун барги хазон гашта зард,
Чист бигӯ ин ҳама андуҳу дард?
Аз чӣ лабони ту пур аз ханда нест?
Чашми ту аз шавқ дурахшанда нест?

Ман:

Оҳ, шунидам сухани ошно,
Ёри вафодор куҷо, ман куҷо?
Кистӣ, эй ҳамнафаси меҳрубон,
К-аз ту шавад хотири ман шодмон?

Дил:

Ман дили бо меҳру вафои туам,
Ёри туам, зинда барои туам.

Ман:

Эй дили шӯридаи шайдои ман,
Гоҳ ту ҳам сӯхтаӣ ҷои ман.
Шамъаму як умр рух афрӯхтам,
Хандазанон, гирякунон сӯхтам.
Сӯхтам аз оташи бедодҳо,
Кай шавам аз дасти ситамҳо раҳо?
Ҳар кӣ бувад соҳиби виҷдони пок,
Ҳамчу мани хаста нишинад ба хок.
В-он ки хӯрад хуни ҳазорон ятим,

пешина
аз 263
навбатӣ