ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Соҳиби зар гардаду дорои сим.
Он кӣ заду банд кунад беҳисоб,
Зуд дар ин ҷомеъа гардад «ҷаноб».
Ҳар кӣ кунад дуздии беҳадду ҳаср,
Молики деҳ гардаду дорои қаср.
Ҳукмгузорон, ки ситамҳо кунанд,
Қонуни бар нафъи худ иҷро кунанд.
Нест касеро хабар аз дӯстӣ,
Ҳеч намонда асари дӯстӣ.
Дар ҳамаи шаҳр диле шод нест,
Хотире аз дарду ғам озод нест.
Ман зи чӣ раҳ шод кунам хешро?
Аз ситам озод кунам хешро.
Дил:
Жола, аз ин беш шикоят макун,
Ин ҳама аз ранҷ ҳикоят макун.
Чашми умеди ту ба оянда аст,
Рӯйи ту ойинаи рахшанда аст.
Ойинаро пок кун аз гардҳо,
Хезу биҷӯ чораи ин дардҳо.
Ман:
Гӯш кун ин гуфта, ки ҳақ бо дил аст,
Роҳи ғаму шиква раҳи ботил аст.
Ман:
КИСЛОВАДСК
Ба Кисловадск биё, гар хушию гар нохуш,
Ҳаво ҳавои баҳор аст дар зимистонаш,
Бибин чӣ муъҷизаосост пас баҳоронаш.
Зи бӯсаҳои насими муаттари кӯҳсор,
Ба ҳар рухе нигарӣ ҳамчу лола гулранг аст,
Навои обу сукути чаман ҳамоҳанг аст.
Чӣ рӯзҳо, ки худоёни ҷовидони шеър,
Сурудхонон бар Маъбади Ҳаво рафтанд.
Давид оҳуи илҳом ҳамраҳи онҳо,
Чу беқарор дар оғӯши дарраҳо рафтанд.
Хурӯши обу дарахтони сабзи кӯҳсорон,
Баҳори хуррами Пасқалъаро ба ёд орад.
Ба пешвози насими саҳар равам сари кӯҳ,
Ба бод рафтаӣ манро магар ки бод орад?
Ба Кисловадск биё, к-ин биҳишти рӯйи замин,
Зи рӯзгори хушат муждаҳои шод орад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо