ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

ГУЛИ ХУШБАХТӢ
Гули шодоби хушбахтӣ,
Ҳазорон рангу бӯ дорад
Ва ҳар кас орзу дорад,
Ки он гулро шукуфотар ба бор орад.
Гули хушбахтӣ — ин ҷодуи шӯрангез,
Гаҳе чун мавҷи дарёҳост
Гаҳе сайёраҳои дури розангез,
Гаҳе дар зар падидор аст.
Гоҳе дар ҳунармандӣ,
Гаҳе дар ишқу гаҳ дар меҳри фарзандӣ
Ва дар эсор,
Дар пайкор,
Дар ёрӣ ба инсонҳо.
Гули камёби хушбахтӣ,
Ҳазорон рангу бӯ дорад,
Ки тасвираш басе сахт аст,
Ба назди ман,
Ҳар он кас дар даруни хештан,
Эҳсоси хушбахтӣ кунад,
Инсон хушбахт аст.
САМАРҚАНД
Дар шаҳри сарсабзи Самарқанд,
Шаҳри куҳансоле, ки инак, ҳар бинояш,
Афсонаҳояш,
Моро диҳад бо қарнҳои рафта пайванд.
Хуфтааст дар сардобае — Зичи Улуғбек,
Марди мунаҷҷим,
Дар саъду наҳси ахтарон,
Мехонда хату хайру шарро.
Дар гардиши сайёраҳо,
Меҷуста тақдири башарро.
Мекарда кӯшиш,
То корвон дар водии торики шабгоҳ,
Бо рӯшноии ахтарон пайдо кунад роҳ.
ЭЙ ШЕЪРИ МАН!
Эй шеъри ман!
Чаро ту пару бол бастаӣ,
Фасли баҳор дар қафаси дил нишастаӣ?
Шаҳбози умр тундгурез асту авҷгир,
Ку авҷи осмонраси фарёдҳои ту?
Овози зиндагӣ расад аз ҳар карон ба гӯш,
Ку мавҷи рӯҳпарвари овозҳои ту?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо