Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Эй ёдгори давраи ғамноки кӯдакӣ
В-эй роздори хотираҳои ҷавониам.
Эй шеъри ман,
Ки хандаву ашкам даруни туст,
Оре, туӣ, ту мусиқии зиндагониам.

Эй шеъри ман!
Бас аст, ба гӯшам нагӯ дигар,
Афсонаи шукуфаи маҳтоби дидаро,
Тасвир кун диловарии мардуми маро,
Пӯлоди дар муборизаҳо обдидаро.

Эй шеъри ман,
Ки зиндаам аз офариданат,
Бо ман биё,
Агар сари меҳр аст бо манат.

МИСРИ РАЗМАНДА

Дуруд, эй Мисри разманда,
Ки меронӣ зи соҳилҳои сабзи Нил душманро
Ва мекӯшӣ барои зиндагӣ
Дар роҳии хушбахтии оянда,
Набарди пуршукуҳи ту - набарди ҳақу озодист.

Ту, эй Мисри мубориз, хасмро аз хона берун кун,
Кунад ҳар кас таҷовуз бар ту ӯро ғарқа дар хун кун.
Бути фартути истеъморро бишкан
Ва Фиръавни ситамро барфикан аз тахт
Ки дар роҳи раҳоӣ мардуми дунё,
Тамом он касоне, ки фидокору башархоҳанд,
Дар ин разми муқаддас бо ту ҳамроҳанд.

Зи ҷаҳди арҷдори ту,
Ба ёдам омада разме,
Ки Эрон кард бо бедоди бегона
Ва дар даврон шуд афсона.

Ту, эй Мисри ҳазорон сол,
Ки рахшандаст дар торихи фарҳанги башар номат
Ва як қатраст аз дарёи истеъдодат - аҳромат.
Кунун волотарӣ аз Мисри дирӯзӣ,
Ки меҷангӣ чунин мардона бо ҷавру ҷаҳонсӯзӣ,
Набарди пуршукӯҳат бод - парчамдори пирӯзӣ!

ЧАРО?

Чаро, эй миллати мағрури Эрон,
Зи сангарҳои воҳид дур ҳастӣ?

пешина
аз 263
навбатӣ