ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Намегӯям, ки як дам пеши душман,
Ту сар хам кардиву мақҳур ҳастӣ.
Ту дар амвоҷи тӯфонии торих,
Ба сони сахраи асрорангез,
Ҳазорон сол бар по истодӣ,
Наларзондат на Искандар, на Чингиз.
Кунун ҳангоми пайкори навин аст,
Маро аз пештозон пурсиш ин аст.
Чаро мо ҷабҳаи воҳид надорем,
Ситамгарсӯзу ҳастисозу ҳушёр?
«Худоё, з-ин муаммо парда бардор».
ҲУНАР
Ҳунар чу ойина бошад зи иҷтимоъи башар,
Гузашт даври шиори «ҳунар барои ҳунар».
Ҳар он навишта, ки бошад зи зиндагӣ тасвир,
Бидуни шубҳа ба хонанда мекунад таъсир.
Чу дур гардад шоир зи тӯдаи мардум,
Ба ҳар куҷо, ки равад роҳи худ намояд гум.
Чи васф дорад он боғи пургулу райҳон,
Ки як гулаш нашавад зеби дасти ранҷбарон.
Касе, ки сер бувад дам занад зи турраи ёр,
Гуруснагони асиранд аз ғазал безор.
Шароби ноб бинӯшад касе, ки дорад пул,
Шавад фақири гурусна зи васфи бода малул.
Ҳунар чу ойина бошад зи иҷтимоъи башар,
Гузашт даври шиори «ҳунар барои ҳунар».
ШАҲИДОНИ РОҲИ ОЗОДӢ
Эй шаҳидони роҳи озодӣ,
Ки дар ин хок хуфтаед ором!
Мекунам бар мазоратон таъзим,
Ба шумо медиҳам дуруду салом.
Эй далерон, ки зиндагониро,
Вақфи озодии Ватан кардед.
Дар раҳи некбахтии дигарон,
Тарки ҷон гуфта тарки тан кардед.
Хокатон бод то абад гулбор,
Рӯятон бод ҷовидона сапед.
Рӯҳатон бод сарфарозу бузург,
Номатон бод зиндаи ҷовид!
Бар замин монда ҷои пои шумо,
Хезед аз хок, ин нидои шумо.
Эй асирон ба по, ба по хезед,
Эй ситамдидагон, қиём кунед.
Рӯзи пайкори беамон худро,
Ҳозир аз баҳри эҳтиром кунед.
Ҳаққи худро зи ғосибон гиред,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо