ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Хонаи хешро кунед обод.
То шумо низ дар ҷаҳон бошед,
Миллате зинда - мардуме озод.
Эй шаҳидони роҳи озодӣ,
Шуълаи покатон фурӯзон бод!
ҶАЗР ВА МАДҲО
Дар ин нимаи шаб ту, эй моҳи зебо,
Шиновар чароӣ дар он паҳндарё?
Ба ҳамроҳи амвоҷи тунди дақоиқ,
Куҷо меравӣ, эй дарахшанда қоиқ?
Марав тунд охир, ки ман ҳам ғариқам,
Гирифтори амвоҷе баҳре амиқам.
Ба лаб омада ҷонам аз ҷазру мадҳо,
Ҳаросонам аз наъраи деву дадҳо.
На соҳил ҳувайдо, на роҳи наҷоте,
На нури умед, на шӯри ҳаёте.
На дасте, ки гирад дар ин варта дастам,
На ёре, ки хоҳад бидонад, ки ҳастам.
Дар ин лаҳза шояд, ки ман ҳам зи мастӣ,
Зи сармастии бодаи худпарастӣ.
Надонам чи бас мардум аз шӯрбахтӣ,
Супоранд ҷонро дар оғӯши сахтӣ.
Бирав, роҳи худ гир, эй моҳи зебо,
Бирав Жоларо неҳ парешону танҳо,
Ки бояд ман ин сон, ки ҳастам, бимонам,
Чу дасте нагирам, нагиранд дастам.
ХУРРАМОБОД
Нишастаам сари санге, ки хам шуда бар об,
Шудаст як нафас осуда ин дили бетоб.
Биҳишти рӯйи замин шаҳри Хуррамобод аст,
Ки сабзааш ҳама хуррам, гулаш бувад шодоб.
Ҳавои тозаи урдибиҳишту атри насим,
Навои ин ҳама булбул, садои ин ҳама об.
Суруди ҳастии покизаро ба гӯш орад,
Ки ҳаст дур зи ғавғои иҷтимоъ хароб.
ПАЙКАРИ ОЗОДӢ
Худои даҳшату ҷанг,
Ки сояи сияҳ афкандаӣ ба Кохи Сафед,
Хуҷаста Пайкари Озодӣ аз ту дорад нанг.
Барои куштани инсон дигар талош накун,
Ки гар зи тири ту як тан ба хоку хун афтад,
Ҳазорҳову ҳазорон зи нав ба по хезанд.
Магар намедонӣ,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо