Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ҷаҳон шуда бедор?
Магар намедонӣ,
Шикаста қалъаи ҷодугарони истеъмор?

Худои даҳшату ҷанг, Ки ҳаст артиши сулҳи ту, артиши найранг.
Зи зулму зӯри ту дигар башар надорад бим.
Шикасти ҷангталаб ҳукми ҷабри торих аст, Ту ҳеч чора надорӣ магар шавӣ таслим...

САМОЪ

Дар соҳили дарёи Маҳтоби гирифта,
Ба тамошои ҳаёҳуи амвоҷ истодаам.
Дар шавқе ғӯтаварам,
Ки ниёзам ба шинои дарё нест.
Шояд шиногар нестам
Ва ин зебо нест,
Медонам.

Онон, ки аз тӯфон намеҳаросанд
Ва бар ҷон намеларзанд,
Шиноварони палангситезанд.

Дар соҳили дарёи Маҳтоби гирифта,
Мехоҳам дар рақси тилоии мавҷҳо,
Ба самоъ бархезам
Ва ҳаргиз дигар аз по нанишинам.

ИШҒОЛ

Бар баландтарин қуллаи ҳайрат истодаам
Ва бар азаматҳои дурӯғин лабханд мезанам,
Вожагон дар зеҳнам,
Ҳамчун ситораҳои дарёӣ,
Ба ҳам мепечанду тоб мехӯранд,
То шакли пурсише падид оранд,
К-ин обшори маҳиб аз куҷо сарзер мешавад,
То башариятро ба аъмоқ фурӯ резад?
То курраи Заминро якдаст ишғол кунад?
Ваҳ, ки ишғол чи қадар палид,
Чи нафратангез аст.
Ҳар қадар онро ба маънои тозае тафсир кунанд,
Кист, ки надонад
Вожаи ишғол вежаи фарҳангҳои хунрезист?

пешина
аз 263
навбатӣ