ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

БО ҒАМ ОШТӢ КАРДАМ
Надорам шиквае аз ғам,
Ки бо ғам оштӣ кардам,
Ки ғам ҳам бахше аз ҳастии инсон аст,
Даруни ҷилди худ хуш орамидан зиндагонӣ нест,
Бояд ҳамнафас бо шодию ғамҳои даврон буд
Ва дар ҳар ҳол инсон монд,
Инсон буд.
Агар гуфтам, ки бо ғам оштӣ кардам,
На аз он рӯст, к-аз ғамҳо шудам озод,
Магар дирӯзу имрӯзи Ватанро бурдаам аз ёд?
Магар дар навҷавонӣ зулму зулматро намедидам?
Магар дар аҳди худ бо тирабахтиҳо наҷангидам?
Агар бахтам кунад ёриву майдоне ба даст орам,
Магар имрӯз
Ин лаҳза
Дареғам ояд аз ҳастӣ?
Магар инро намедонам,
Ки рӯзи растахези халқ
Худхоҳӣ бувад пастӣ?
Магар ташвиши кам дорам,
Барои роҳи фардои ду фарзандам,
Барои сарнавишти он ҳама фарзанди дилбандам,
Ки фарзандони Эронанд
Ва дар ҳар гӯшаи дунё,
Кунун овораанду нобасомонанд?
ПАЁМИ СИТОРАҲО
Ситораҳо ҳама лабханд мезананд аз меҳр,
Ситораҳо ҳама чун қатраҳои ашки сипеҳр.
Даруни чашми сияҳфоми шаб фурӯзонанд,
Ситораҳо ҳама пурилтиҳобу сӯзонанд.
Зи зери гунбади нилуфарӣ расад бар гӯш,
Садои ин ҳама зебои равшану хомӯш:
«Эй инсон!
Чи қарнҳо, ки ту дар ғорҳо ба сар бурдӣ,
Гуруснаву урён.
Чи асрҳои фаровон замини вайронро,
Басо азоб кашидию кардияш обод?
Дарахту гандуму гул коштӣ ба домани хок,
Зи хуни хеш басе об додӣ онҳоро.
Мудом кофтиву ёфтиву рафтӣ пеш,
Зи ранҷи рӯзу шабон сохтӣ ту дунёро.
«Ба умр донишат афзун шудаст садҳо сол,
Чу аз муҳиту мадори Замин ҷудо гаштӣ.
Чу кӯдаке, ки зи гаҳворааш равад берун,
Зи бандҳои замингири худ раҳо гаштӣ».

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо