ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

«Дар остонаи қарни бузурги бисту якум,
Ту меравӣ, ки худованди осмон бошӣ,
На, он ки дудаи Ҷанги ситорагон бошӣ,
Ки бингарӣ, ки тилое, ки бар сараш ҷанг аст,
Ҷудо зи марзи замин хортар зи ҳар санг аст,
Ки баҳравар зи шукуфоии ҳаёт шавӣ,
Ки розҳои ҷаҳонро чу ғунча боз кунӣ
Ва офтоби фурӯзони коинот шавӣ».
САРГУЗАШТИ МОДАР
Заҳматкашони соҳили зебои Зиндарӯд,
Аз кӯдакӣ ба кору ҳунар хӯ гирифтаанд.
Марду зани ҳунарвари мо дар муборизот,
Гардида обдидаву нерӯ гирифтаанд.
Як шомгоҳи тор,
Дар бар гирифта кӯдаки худро зане ҷавон,
Мерафт аз канори пул оҳиставу пареш,
Ошуфтаҳол аз ғами шӯйи шаҳиди хеш,
Марде, ки дар муборизаҳо дода буд ҷон
В-аз умри пурмашаққати вай монда ёдгор,
Як тифли ширхор.
Модар ба он ятим,
Бо меҳри модарона нигаҳ карду истод,
Дар фикр шуд фурӯ,
Андешаҳои дарҳамаш омад ба гуфтугӯ:
«Гуфтанд кор нест. Фардо дигар наё.
Бекор аз куҷо бихӯрам нон,
Равам ба куҷо?
Бояд чӣ кард,
Кист ба фарёди мо расад?
Гар тан диҳам ба фақр,
Гар ҷон диҳам зи дард.
Ин бачаи азизи ман,
Ин тифли бегуноҳ,
Афтад канори роҳ,
Охир кӣ медиҳад ба ятимони мо паноҳ?»
Модар фишурд кӯдаки худро ба синааш,
Дар сояҳои шомгаҳе гашт нопадид.
Дар корзори мардуми ҳушёри Исфаҳон,
Он модари ҷавон,
Ҳамроҳи тӯдаҳои дилогоҳи ранҷбар,
Ҳамдӯши модарони ситамдидаи дигар,
Як дам зи худ бурун шуду бо хашми оташин,
Фарёд зад чунин:
«Модар ҳаёт бахшаду инсон бипарварад,
Фарзандро ба ранҷи фаровон бипарварад.
Модар зи ширу шираи ҷон мекунад бузург,
Он тифли кӯчаке, ки ба домон бипарварад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо