ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ман бо туам, ту модари эронии асир,
Ман бо туам, ту, эй зани заҳматкаши фақир.
Эй захм гашта дӯши ту аз бори зиндагӣ,
То кай кунӣ таҳаммули хорию бандагӣ?
То кай ба кӯча кӯдаки мо дар ба дар бувад,
То чанд кору заҳмати мо бесамар бувад?
Танҳо раҳи раҳоиву дармони дарди мо,
Бошад набарди мо».
СИФР
Шумо сифред,
Сифри ҳеч дар ҳеч.
Ки сифри бе рақам гар садҳазор аст,
Зи як камтар бувад,
З-ин рӯй хор аст.
Рақам,
Эй маънии сифрон куҷоӣ?
Ҷиҳоду ҷунбишу имон куҷоӣ?
Ки қавмеро зи рихват вораҳонӣ,
Барафрӯзӣ чароғи қаҳрамонӣ.
УРДУГОҲ
Урдугоҳ,
Меҳнатсарои ҷаҳлу хурофот,
Ғамхонаи асорату офот,
Таъбидгоҳи ишқу адолат,
Эй вой бар ту,
Эй зани Эрон!
Эй мазҳари шарофату эсор.
Подоши ҷаҳди поки ту, оё
Шаллоқу дашна асту хамӯшӣ?
Кобуси ҷангу хонабадӯшӣ,
Ин ҳуҷлаҳои сарди сияҳпӯш,
Навбовагонат аслиҳа бар дӯш,
Қурбониёни кӯчаки куштор?
Ин ранҷҳо барои ту бас нест,
Ин чодар - ин ҳисори сияҳфом?
Баҳри асорати ту қафас нест
В-ин сарнавишти зишти шарарбор?
Эй бонуи диловари Эрон,
Эй ҳастии ту туъмаи оташ.
Танҳо забони хашми ту имрӯз,
Посух диҳад бар ин ҳама пурсиш,
Инак, туиву сангари пайкор!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо