Зеҳн
ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 263 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ошиқеро суроғ мегирам,
Ки гум шуда дар ман.

Анбӯҳи алафҳои ваҳшии баланд,
Ба поям мепечанд,
Намегузоранд роҳамро осон биравам,
Ман ҳам намехоҳам аз миён биравам.
Аз миёни он ваҳшиён,
Пеш меравам. Пеш меравам.
Медаваму мегардам,
Пайи гумшудаам мегардам.

Қатраҳои шабнами булӯр,
Дар ҷангали мижгонам.
Ҷӯйбори шеър,
Ҷорӣ дар ҷонам.
Ҳолатест, ки танҳо бояд эҳсос кард,
Гуфтанӣ нест,
Гуфтан наметавонам.

ШОИР

Ба хонум Вера Инбер

Шоирам, шоири ҷавонам ман,
Ғарқи уммеду ормонам ман.
Тирарӯзии миллати Эрон,
Ҷаври ҳуккому зиллати Эрон.
Оташ афканда бар дилу ҷонам,
Ман ҳам ошуфта ҳамчу Эронам.

Ту, ки растӣ зи доми ранҷу ситам,
Донам инро, ки мераҳам ман ҳам.
Мо ду шоир ба рӯзгори зафар,
Бифишорем дасти якдигар.

МАН ҲАСТАМ

Ман меандешам, пас ҳастам.

Дикорт

Ман ҳастам,
Ки меандешам.
Андешаам,
Гоҳе сода, гоҳе жарф.

Ман ҳастам,
Ки фармондеҳи иродаи хешам,
Мекӯшам, менависам
Ва мехонам.

пешина
аз 263
навбатӣ