ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Сангнавиштаҳои тавонмандеро,
Вожа ба вожа, ҳарф ба ҳарф.
Ман ҳастам,
Ки шароби шабнамро
Дар ҷоми лола менӯшам
Ва гаҳ-гоҳе,
Лабакӣ аз пиёла менӯшам.
Танҳо барои ту,
Ки зиндагиро ошиқона менӯшӣ,
Бар ёди шодии гузашта, лабханд мезанӣ,
Аз гумгашта намехурӯшӣ.
Чӣ сарсабз, чӣ саршоранд!
Онон, ки агар ранҷе ошкор ниҳон доранд,
Тавони он доранд,
К-аз зери овор сар бароранд,
Бо бонги баланди ман ҳастам.
Ман ҳастам,
К-аз зебои рангҳову оҳангҳои ҷаҳон,
Сармастам.
ЖОЛА—8
ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон,
Ман зи даврони ҷавонӣ
Бо ту дорам ошноӣ;
Ошноӣ бо заминат,
Бо забонат,
Бо зану марди матини меҳрубонат,
Бо бузургони адаб, бо шоиронат.
Борҳо дар дафтари шеъри ту будам,
Нағмаҳо баҳри туву Эрон сурудам.
Борҳо дар сарзаминат
Бо гурӯҳи шоирон саршору шайдо.
Шеър буду орзуҳо…
Соҳили Варзобу домони Ҳисорат.
Даштҳои сабзпӯши лолазорат,
Ҷиргаи уммедворон
«Ёд бод он рӯзгорон!»
Борҳо дар домани меҳрат нишастам,
Баҳравар аз номи Лоҳутиву Айнӣ
Аҳдҳо бо шеър бастам,
Гарчи имрӯз аз ту дурам,
Дар ҳузурам, бо ту ҳастам.
Тоҷикистон,
Бод пайванди ту поё

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо