ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

Ҳамчу Помири баландат Ҳарчи рушантар раҳи пирӯзмандат.
ДАШТИ АНДЕША
Шаб асту моҳ фурӯзону сарви ҳамсоя, Ки соярушани сабзаш нишаста бар девор.
Мане, ки сарвқадонро басе зи худ рондам, Бубин кунун зи дарахте чи гунаам саршор!
Чи сарвҳо, ки нишонад ба дашти андеша Касе, ки то дили шаб ҳамчу ман бувад бедор.
БАҲОР КАРДА ҶАВОНАМ
Дар ин хазонзадагӣ
Баҳор кард ҷавонам;
Чи шӯру шавқи шигифте
Шукуфта дар дилу ҷонам,
Ки лаҳзае нагузорад
Дигар ба хона бимонам.
Зи бонги чаҳ-чаҳи мурғону рақси сабзи дарахтон,
Зи атри дарҳами гулҳо чи маст мешавад инсон!
Хушо, чу оҳуи ваҳшӣ задан ба кӯҳу биёбон
Ва ё ба шӯри ҷавонӣ
Пайи умед давидан
Ба авҷи қулла расидан…
ТАН БА ТАН
Дар ин пайкори тори тан ба тан фотеҳ туӣ ё ман?
Намедонам.
Ҳамин донам, ки ман омодаам, истодаам, сангам.
«Сияҳчол» аст агар дар пеши рӯям, ё сиёҳӣ, бар сари ҷангам.
Дар ин поёни раҳ гӯӣ дар оғозам, Умеду орзумандист боли бози парвозам.
ОЁ?
Бо сукути кӯҳ,
Бо ғавғои дарё,
Дар тӯли таърих,
Дар арзи умр,
Дар инфиҷори фишорҳо
Инсон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо