ТАРАННУМИ ПАРВОЗ

З-он рӯз, ки бепадар шудам ман,
Дигар дили хастаам нашуд шод.
Бехонаву дар ба дар шудам ман,
Корам ҳама шуд фиғону фарёд.
Аммо чу асар надошт оҳам,
Нанмуд тавонгаре нигоҳам.
Атфол ҳама ба рӯйи модар,
Аз шавқи дарун зананд лабханд.
Доранд либоси хуб дар бар
В-аз меҳри падар хушанду хурсанд.
Ҳастанд қарини комронӣ,
Хурсанд кунанд зиндагонӣ.
Дорам чу ман ин либоси пора,
Ҳар ҷо, ки равам ҳақиру зорам.
Боре чӣ кунам чу нест чора?
Ин аст тариқи рӯзгорам.
Ман кӯдаки бекасу фақирам,
З-ин рӯй ҳазину сар ба зерам.
Он тифли ғанӣ ба кӯчаам дид,
Донист фақиру бепаноҳам.
Бар ҷомаи пораам бихандид,
Дар бозии худ надод роҳам.
Чун дид, ки ашки ман равон шуд,
Санге ба сарам заду давон шуд.
Дар кӯча шабе зи барфу борон,
Беҳис шуда буд дастҳоям.
Будам ба талоши порае нон,
Дидам чу бараҳна буд поям.
Ночор ба гӯшае нишастам,
Бигрифт касе зи лутф дастам.
МО ОШИҚЕМ
Эй дил, биё ба шамъи рухи дӯст бингарем,
Парвонавор дар раҳаш аз хеш бигзарем.
Моро шавад муяссар агар васли он нигор,
Шодӣ кунему фикри ҷаҳон ҳеч нашмарем.
Фасли баҳор ҷониби саҳро равем хуш,
Ҳангоми гул ба тарфи чаман рӯй оварем.
Хорем агар ба дидаи нобихрадон чӣ ғам?
Дар кишвари васеи қаноат тавонгарем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё